Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бозиҳояшро дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар Узбекистон анҷом дод.
Дар Маҷлис бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар самти дастагирии ҷавонон ва бонувон директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаракати олимпӣ” интихоб шуд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, дар гурӯҳи “F” дар бозии нахустинаш муқобили тими миллии Мянмар пирӯз шуд.
Бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуданд.
Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев - натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Раҳмонзода Абдулло меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ӯ барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд.
Вохӯрии дастаҳо 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт.
4-5 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов баргузор шуд.
4 июн дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июн), инчунин дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ (23 июн) марафони дав баргузор шуд.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими ҷавонони мо анҷом ёфт.