Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА БАР ДАСТАИ АМА ҒАЛАБА КАРД

03.06.2022

: 309

2-юми июн миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона баргузор шуд.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими ҷавонони мо анҷом ёфт.

Голҳоро дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳайитов ва Меҳроб Асоев заданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Ҳазза ба номаш сабт кард.

4-уми июн тимҳои футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе вохӯрии дуюми дӯстонаро анҷом медиҳанд. Дидори дастаҳо соати 20:00 оғоз мешавад.