Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АСЛАМҶОН ДАР ҶОМИ БОЛАТ ТУРЛИХОНОВ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

АСЛАМҶОН ДАР ҶОМИ БОЛАТ ТУРЛИХОНОВ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ АСЛАМҶОН ДАР ҶОМИ БОЛАТ ТУРЛИХОНОВ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ АСЛАМҶОН ДАР ҶОМИ БОЛАТ ТУРЛИХОНОВ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

02.06.2022

: 381

Гуштингири тоҷик Асламҷон Азизов дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки 2 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз гардид, дар вазни 55кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард.

Асламҷон қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ пирӯз гардид.

Дар рӯзи аввал, ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг гуштин гирифта, дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб намуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов шикаст хурда, ҷои панҷумро гирифт.

Фардо – дар рӯзи дуюми мусобиқа се варзишгари дигарамон дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ нерӯсанҷӣ мекунанд: Шероз Очилов дар вазни 72кг, Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 77кг, Суҳроб Абдулҳаев дар вазни 82кг.

Ҳамчунин чор варзишгарамон дар гуштини озод сабқат хоҳанд кард. Қувваозмоиҳои ин равия 4-5 июн доир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок доранд.