Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

О совете

Антидопинг

РӮЙХАТИ ДОРУҲО ВА УСУЛҲОИ МАМНУЪ ДАР СОЛИ 2020 (русӣ)

РӮЙХАТИ ДОРУҲОИ МАМНУЪ ДАР ВАРЗИШ 2019 (русӣ)

ДОПИНГ ВА САЛОМАТӢ (дастурамал)

ДАСТУРАМАЛИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОН ОИД БА КОДЕКСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗИДДИ ДОПИНГ

Истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) чист?

Варзишгарон мисли ҳамаи одамон бемор мешаванд ва ё осеб мебинанд, ки талабот ба истеъмоли доруҳоро доранд. Агар доруворӣ ё малҳаме, ки бояд варзишгар қабул намояд ва он ба рӯйхати доруҳои манъшудаи Агентии умумиҷаҳонии зиддидопинг (WADA) ворид бошад, пас истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) иҷозати истеъмоли доруро медиҳад.

Варзишгарон худ аз худ барои истфодаи доруҳо иҷозат надоранд, онҳоро бояд масъулони мусобиқаҳо бо дору таъмин намоянд. Истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) танҳо аз ҷониби ташкилотҳои миллии зидди допинг (NADOs), федератсияҳои байналмиллаии варзишӣ (IFs), ташкилоткунандагони чорабиниҳои варзишӣ (MEOs) пас аз таҳлил дар асоси Низомномаи стандарҳои байналмилалии истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) иҷозат дода мешавад. Барои тасдиқи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) варзишгарон бояд ҳуҷҷатҳои тиббӣ бо маълумоти боэътимоди тиббӣ ва дахлдори тасдиқкунандаро бо худ дошта бошанд.

Кӣ бояд барои истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) аз рӯи дархостнома муроҷиат кунад?

Ҳамаи варзишгароне, ки таҳти назорати допинг қарор мегиранд, бояд аз талабот ва қоидаҳои истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE), ки ба онҳо тааллуқ дорад, хабардор бошанд. Ин талабот ва қоидаҳо вобаста ба варзишгар муайян мекунанд, ки кай ва дар кадом ташкилот варзишгар бояд дархостномаи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE)-ро пешниҳод намояд. Варзишгар барои таъмин намудани ҳамаи талаботи истифодаи маводи терапевтӣ (TUE)-ро ки аз тарафи Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) ва ё федератсияи байналмилалии варзишӣ (IF) муқаррар намудааст, масъулият дорад.

Лутфан, хоҳиш менамоем, ки ба Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) ва ё Федератсияи байналмилалии варзишии дахлдор ҷиҳати муайян намудани талаботи ба шумо марбутбуда муроҷиат кунед.

Дар кадом ҳолатҳо аризаи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) тасдиқ карда мешавад?

Аризаи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) аз ҷониби Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) дар ҳолатҳои зерин баррасӣ карда мешавад:

• мавод ё усули табобати бемории шадид ва ё вазъияти музмин барои табобат муҳим, ки истифода накарданаш ба саломатии варзишгар таъсири манфӣ мерасонад, агар мавод ё усули манъкардашуда ошкор гардад;

• истифодаи мавод ва ё усули манъкардашуда дар ҳолати баланд бардоштани самаранокии варзишгар, бозгашт ба вазъи саломатии муқаррарӣ баъд аз табобати тиббӣ;

• ягон алтернативаи табобати асоснок ва ё дигар алтернативаҳо  фаъол нестанд.

 

Чӣ тавр метавон барои истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) муроҷиат кард?

Анкетаи Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказиро (RADOCA) оид ба истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) хонапурӣ карда, ба Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA)  бо тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ирсол намоед.

Муҳлати баррасии анкета ва маълумоти пешниҳодшуда:

·         Дархостнома бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкуанда дар муҳлати 21 рӯз аз рӯзи қабул баррасӣ мегардад.

·         Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) пас аз баррасӣ аз рӯи анкета барои маълумоти иловагӣ метавонад бо варзишгар дар тамос шавад.

·         Хароҷот барои хонапурӣ намудани анкетаи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) ё тафтишоти иловагӣ, ташхисҳо, ё  ташхисҳои томографии иловагӣ масъулияти варзишгар мебошад.

·         RADOCA дастрас кардани анкетаи истифодаи маводи терапевтӣ (TUE)-ро дар муддати ду рӯзи корӣ тавассути почтаи электронӣ тасдиқ мекунад. Агар дар муддати муайяншуда мактуб ворид нагардад, лутфан  ба Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) муроҷиат намоед.

·         Дар ҳолати норасоии маълумоти пешниҳодшуда шуморо зарур меояд, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагиро аз сари нав ба Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) ирсол намоед.

·         Нусхаи анкета ва маълумоти тиббии худро ҳифз намоед.

Оғози табобат

Дар ҳолати ногузир будани истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE), варзишгар танҳо пас аз тасдиқи Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) ба табобат шуруъ менамояд. Варзишгар набояд бе тасдиқи Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) доруҳоро  истифода намояд. Дар сурати истифода бурдани дору ва ё усул бе тасдиқ ва ё иҷозати Ташкилоти минтақавии зидди допинг он амали вайронкунии қонуни зидди допинг, Кодекси истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUEC) дониста мешавад.

Дар ҳолатҳои фавқулодда ва ё истисно баррасии истифодаи доруҳо мумкин аст (лутфан, ба фасли оянда нигаред).

Раванди такрории истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) чист?

Раванди аризаи такрорӣ танҳо дар ҳолатҳое пешниҳод карда мешавад, ки агар:

а) муолиҷаи фаврӣ ё табобати ҳолати шадиди тиббӣ лозим бошад;

б) бо сабаби дигар ҳолатҳои истисноӣ, ки варзишгар аз сабаби танг будани вақт ва ё бешароитӣ ариза барои истифодаи маводҳои терапевтиро (TUE) ба Кумитаи тадорукоти бозиҳо пешниҳод накардааст ё барои ҷамъоварии намуна дар вақти мусобиқа маводҳо кофӣ набуданд;

в) дар асоси қоидаҳои дахлдор аз варзишгар талаб карда мешавад ва ё имконият дорад оид ба истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) аризаи такрорӣ пешниҳод намояд.

с) дар мувофиқа бо Агентии ҷаҳонии зидди допинг (АУЗД) ва маъмурияти зидди допинг ва системаи идоракунӣ (АДАМС) касоне, ки дар ҳолати аризаи такрорӣ оид ба истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) қарор доранд ва ё хоҳанд шуд, барои  дида баромадани аризаи такрории истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) грант талаб карда мешавад.

Дар ҳолати фавқулодда ва ё шадид чӣ бояд кард?

Саломатӣ ва бехатарии Шумо дар мадди аввал меистад. Ҳар қароре, ки барои муолиҷаи шумо бо машварати духтуратон қабул карда мешавад, пас аз анҷоми табобат ба Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказии (RADOCA) мактуб ирсол намоед, ҳуҷҷатҳои муолиҷаи тиббро бо ариза замима намоед;

Чӣ кор бояд кард,  дар ҳолате, ки ман ҷарроҳӣ дорам?

Қабл аз ҷарроҳӣ, аз духтур хоҳиш намоед, рӯйхати доруҳое, ки истифода бурда мешаванд, ба Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказии (RADOCA) пешниҳод кунед.

 Муҳлати давомнокии табобати истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE)

Давомнокии табобат бо истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) аз ҷониби Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) то саннаи пешниҳоднамудаи духтур муайян карда мешавад. Барои ба охир расидани санаи табобат варзишгар масъул мебошад ва агар лозим ояд барои тамдид муҳлати табобат дархостнома пешниҳод намоед.

Агар сатҳи варзишгар тағийр ёбад, чӣ кор бояд кард?

Қоидаҳои истифодаи маводҳои терапевтии (TUE) Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) танҳо дар давлати Шумо эътибор дорад, агар қоидаҳои зидди допинги федератсияи байналмилалии варзишии дахлдор тартиби дигаре муайян накарда бошад. Ҳар лаҳзае ки шумо ба Системаи бақайдгирии ташхисии (“Registered Testing Pool”) федератсияи байналмилалӣ ворид мешавед ва ё дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекунед, шумо бояд ба талаботҳои истифодаи маводҳои терапевтии (TUE) федератсияи байналмилалӣ риоя кунед. Шумо бояд бо Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) барои муайян намудани муҳлати эътибори истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) ҳангоми мусобиқаҳои байналмилалӣ тамос гиред. 

Шарҳи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE)

Дар ҳолате ки Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) дархостномаи варзишгарро оид ба истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) рад кунад, варзишгар танҳо ба мақоми салоҳиятдори сатҳи миллӣ, ки қоидаҳои RADOCA-ро риоя менамояд, муроҷиат карда метавонад.

Агар Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) маълум намояд, ки пешниҳоди дархости истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) бо талаботи Стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ нест, пас Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) метавонад дархости истифодаи маводҳои терапевтиро (TUE) рад намояд. Дар ҳолати бекор кардан, Агентии ҷаҳонии зиддидопинг (WADA) ҳамаи тарафҳои дахлдорро хабардор менамояд.

Дар Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ҳама гуна қарорҳо, ки аз тарафи федератсияи байналмилилӣ оид ба истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE), ки аз Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ  (RADOCA) пешниҳод шудааст, эътибор надорад. Илова бар ин, ҳамаи меъёрҳои Федератсияи байналмилилӣ оид ба истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE), ки ба Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) аз ҷониби Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) пешниҳод мегардад, баррасӣ мешавад. Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ҳама меъёрҳоро бо ташаббуси пешгирифтаи худ ва ё зарардидагон  баррасӣ менамояд. Агар меъёрҳои муқарраршудаи истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) ба талаботи Стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд, Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ба он дахолат намекунад. Дар ҳолате ки қарори истифодаи маводҳои терапевтӣ (TUE) ба меъёрҳои Стандарти  байналмилалӣ ҷавобгӯ набошанд, пас Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онро иваз мекунад.

Тамос:

Ташкилоти минтақавии зидди допинг дар Осиёи Марказӣ

E-mail: radocakaz@gmail.com

Суроға: 241, Mukanov street, office 2B, Almaty, Kazakhstan, 050008

Тел: +7 702 210 12 68

Шакли дархостии истифодаи маводҳои терапевтӣ (англисӣ)