Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН

ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ МИНА ГУЛӢ БА КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН

06.06.2022

: 443

4-уми июн даванди австралиягӣ Мина Гули ва ҳамроҳонаш ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров мулоқот анҷом доданд.

Раҳмонзода Абдулло меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ӯ барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки иқдоми Мина Гули – ташкили марафонҳои дав – дар баробари ҷалби аҳолӣ ба проблемаҳои об, ҳамчунин боиси рушди варзиш, хусусан варзиши сабук дар кишвари мо мегардад.

Зимни суҳбат Мина Гули аз шароит, имкониятҳо ва табиати нотакрори Тоҷикистон, ки давоми чанд рӯзи охир аз гӯшаву канори кишвар дидан намудааст, бо як таассуроти нек ёдовар гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи меҳмоннавози тоҷик изҳори сипос намуд. Мина Гули гуфт, варзишгар нест, аммо тавассути варзиш мехоҳад ҷомеаи ҷаҳонро ба проблеммаҳои об ҷалб намояд.

Баъд аз мулоқот меҳмонон дар Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик шинос гардида, ба китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Ба Мина Гулӣ ҳамчун рамзи хотирот туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим шуд.

Ёдовар мешавем, ки Мина Гули як зани тоҷири австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst” (Ташнагӣ) мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад. Ӯ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об соли 2023 дар Ню-Йорк давоми як сол 200 марафонро дар саросари ҷаҳон ба нақша гирифтааст. Марафонҳо 22 марти соли 2022 аз Австралия оғоз гардида, 22 марти соли 2023 дар Ню-Йорк ба анҷом мерасад. Дар Тоҷикистон аз 15 май то имрӯз 10 марафон (ҳар марафон 42,2 километр) доир карда шуд. 9 июн як марафони дигар дар самти Душанбе-Ваҳдат (минтақаи Ромит) баргузор хоҳад шуд.