Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “РАВШАН” - ПЕШСАФИ СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН

08.06.2022

: 335

Бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуданд.

Бо натиҷагирӣ аз ду даври бозиҳо тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеъ дорад. “Равшан” дар даври дуюм бар дастаи КМВА бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.

Дар бозиҳои дигар “Истаравшан” бар “Пойтахт” бо ҳисоби 5:2, “Соро компания” бар “Самандар” бо ҳисоби 15:1 ва “Сипар” бар “Истиқлол” бо ҳисоби 4:1 зафар ёфтанд.

Бозиҳои даври сеюм 11-12 июн ба нақша гирифта шудааст. 11 июн “Сипар” бо “Истаравшан”, “Самандар” бо “Истиқлол”, 12 июн “Равшан” бо “Соро компания” ва “Пойтахт” бо КМВА бозӣ мекунанд.

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х   
 1    "Равшан" (Кӯлоб)          2  2  0  0  14-10    6
 2  "Соро копания" (Душанбе)      2  1  1  0  16-2  4
 3  "Сипар" (Хуҷанд)  2  1  1  0  5-2  4
 4  КМВА (Душанбе)  2  1  0  1  11-9  3
 5  "Истаравшан" (Истаравшан)     2  1  0  1  5-3  3
 6  "Истиқлол" (Душанбе)  2  1  0  1  2-4  3
 7  "Пойтахт" (Душанбе)  2  0  0  2  7-13  0
 8  "Самандар" (Турсунзода)  2  0  0  2  2-21  0