06.06.2022
: 521
4-5 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов баргузор шуд.
Дар мусобиқаи анъанавӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.
Варзишгарони мо маҳорати баланд нишон дода, сазовори 12 медал – 3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ – гардиданд.
Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр миёни мардҳо (10.37) медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.59) медали нуқра ба даст овард.
Дар масофаи 200 метр Фаворис Музрапов (21.71) якум шуд. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 100 метр (10.66) ҷои дуюмро гирифт.
Леонид Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеаҳо (53.12) сазовори медали тилло, дар масофаи 110 метр бо монеаҳо (14.98) сазовори медали нуқра шуд. Дар масофаи 400 метр бо монеаҳо Муҳаммадризо Мирзозода (55.28) медали нуқра ба даст овард.
Марафончии тоҷик Раҷабмо Абдуллоева миёни бонувон дар масофаи 5000 метр (18:55.50) дуюм, дар масофаи 10000 метр (40:24.55) сеюм шуда ба марра расид.
Дар масофаи 10000 метр миёни мардҳо Меҳробҷон Одинаев (31:48.73) медали бинринҷӣ ба даст овард. Ду медали биринҷии дигарро Зикрилло Турахонов дар найзапартоӣ (53.66) ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр (3:40.59) сазовор шуданд.