06.06.2022
: 436
Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022", ки 3-5 июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор шуд, варзишгарони тоҷик бе медал монданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар намояндагӣ карданд: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.
Дар мусобиқаи "Tbilisi Grand Slam 2022" ҳамагӣ 278 варзишгар (173 мард ва 105 зан) аз 36 кишвар ширкат варзиданд.
Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев - натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд. Бо се ҷои ҳафтум мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ мақоми 21-умро ишғол кард.
Гурҷистон бо касби 14 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби даставӣ ғолиб шуд. Фаронса бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 2 тилло сеюм шуданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар "Tbilisi Grand Slam 2021” ду паҳлавони тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён - ширкат доштанд ва Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст оварда буд.