10.06.2022
: 459
Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бозиҳояшро дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар Узбекистон анҷом дод.
Дар Ҷоми Осиё тими олимпии кишвар бе ҳузури як қатор бозигарони калидӣ, ки дар ихтиёри тими миллӣ ҳастанд, иштирок намуд.
Тими ҷавонони кишвар (U-23) дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом дода, дар ҳар се дидор аз дастаҳои олимпии Арабистони Саудӣ (0:5), АМА (0:2) ва Ҷопон (0:3) мағлуб шуд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «D» дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷопон ба даври чорякфинал баромаданд.
Дар чорякфинали Ҷоми Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола Узбекистон бо Ироқ, Австралия бо Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бо Ветнам вомехуранд.