Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023-РО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

08.06.2022

: 382

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, дар гурӯҳи “F” дар бозии нахустинаш муқобили тими миллии Мянмар пирӯз шуд.

Дидори дастаҳо 8-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон сурат гирифта, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи футболбозони мо анҷом ёфт.

Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев 2 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Эҳсон Панҷшанбе якголӣ заданд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо иштироки 24 даста дар шаш гурӯҳ баргузор мешавад ва ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалӣ роҳхат мегиранд.

Бозиҳои гурӯҳи “F” бо иштироки тимҳои миллии Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур ва Қирғизистон дар Бишкек доир мегардад. Тими миллии Тоҷикистон дар даври дуюм 11-уми июн бо дастаи мунтахаби Сингапур вомехурад.