Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021 12 дастаи лигаи якум иштирок мекунанд.
16 май дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор шуд. Дар шаҳри Душанбе беш аз 43000 нафар дар ин тадбири саломатӣ ширкат карданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Генадий Арзуманов 14-15 май дар базаи Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори 6 медал – 4 тилло, 2 биринҷӣ – шуданд.
70 фоизи квотаҳо барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 тақсим шудааст ва мусобиқаҳои интихобӣ дар як қатор намудҳо ва равияҳои варзиш аллакай ба анҷом расиданд.
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон оғоз гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат доранд.
Клубҳои футболи Тоҷикистон – барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020 “Хуҷанд” ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Равшан” аввалин бозиҳояшонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 анҷом доданд.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаи варзиш, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Аомории Ҷопон ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бозии мавқуфмондаи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ миёни дастаҳои “Куктош” ва “Истиқлол” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Дар чорум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 10 даста иштирок мекунанд.
Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш ворид карда шудааст.