14.05.2021
: 3700
Масъалаҳои омодагӣ ва иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар мулоқоти котиби генералии КМО Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо бо ноиби роҳбари намояндагии Сафорати Ҷопон дар Душанбе Томонорӣ Ҳасегава баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаи варзиш, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Аомории Ҷопон ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ёддошти тафоҳум миёни КМО Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон 5 октябри соли 2018, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ба имзо расид, ки масъалаҳои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро пеш аз Бозиҳои олимпӣ ба танзим медарорад.
“Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум соли 2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар шаҳри Аоморӣ ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд. Ба ҷамъомадҳои тамринӣ фаро гирифтани ҳайати олимпии Тоҷикистон пеш аз бозиҳо феълан бо ҷониби Аоморӣ баррасӣ мешавад”, - иброз намуд Абдуллозода М.
“Сафорати Давлати Ҷопон дар Тоҷикистон омодааст, ки минбаъ низ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти варзиш, рушду инкишофи намудҳои миллӣ ва олимпии варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарони Тоҷикистон пайваста ба КМО Тоҷикистон кӯмак намояд”, - илова намуд Томонорӣ Ҳасегава.