Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” БО “КУКТОШ” МУСОВӢ БОЗӢ КАРД

14.05.2021

: 873

Бозии мавқуфмондаи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ миёни дастаҳои “Куктош” ва “Истиқлол” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Бозӣ 12 май дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Ба голи задаи дастаи Душанбе Зоир Ҷӯрабоев мизбонон тавассути зарбаи нишонраси легионери узбекистонӣ Сӯҳроб Раҳмонов ҷавоб доданд.

“Истиқлол”, ки дар мавсими имсола ду бозӣ кардааст, бо 4 хол дар зинаи 9-уми ҷадвали чемпионат қарор дорад.

Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 15-16 май доир мегарданд. 15 май “Хатлон” бо “Куктош”, 16 май “Эсхата” бо “Истиқлол” ва “Душанбе” бо “Истаравшан” вомехӯранд.

Бозиҳои даври ҳафтум миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Файзканд”, КМВА – “Равшан” бо сабаби иштироки дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан” дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 (14-20 май) ба вақти дигар гузаронида шуданд.