14.05.2021
: 805
Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳои лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар мавсими нав доир гардид.
Дар чорум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 10 даста иштирок мекунанд: “Зебонисо” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Суғд” (Суғд), “Конибодом” (Конибодом), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Нушофарин» (Бохтар).
Мавсими нави лигаи футболи бонувон 15 май оғоз мегардад ва дар ду марҳила сурат мегирад. Дастаҳо дар мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.
Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон “Зебонисо” бо “Бешкент”, “Суғд” бо “Равшан”, “Зебо” бо “Нушофарин”, “Ҳосилот” бо “Хатлон” ва “Конибодом” бо “Чашма” вомехуранд.
Чун анъана Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои бонувонро бо либоси варзишӣ ва тӯб таъмин намуд. Федератсия, ҳамчунин ҳаққи хизмати доварон ва хароҷоти сафари дастаҳоро дар меҳмонӣ пардохт мекунад.
Ғолиби мавсими гузаштаи лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и Душанбе мебошад.