12.05.2021
: 771
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июни соли равон Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад.
Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш ворид карда шудааст: баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштингирӣ, гуштини варзишӣ (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ), камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо, ҳендбол, ҷудо, шиноварӣ.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 22 май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз мегардад, ки ду рӯз идома меёбад. Сипас, 1-2 июн мусобиқаи гуштингирӣ, 3-4 июн мусобиқаҳои гуштини юнонӣ-римӣ ва каратэ, 5-6 июн мусобиқаи шиноварӣ, 7-8 июн мусобиқаи гуштини тарзи озод, 9-10 июн мусобиқаҳои ҷудо ва таеквондо, 10-14 июн сабқати волейбол миёни бонувон, 11-12 июн мусобиқаи самбо, 12-13 июн мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-17 июн мусобиқаи ҳендбол, 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ доир хоҳанд шуд.
Ҳамаи мусобиқаҳо, ба ғайр аз вазнбардорӣ, волейбол миёни бонувон ва камонварӣ дар пойтахт – шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри Кулоб, волейболи бонувон дар шаҳри Хоруғ ва мусобиқаи камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон соли 2018 аз рӯи 10 намуди варзиш баргузор шуда буд.