16.05.2021
: 805
16 май дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор шуд. Дар шаҳри Душанбе беш аз 43000 нафар дар ин тадбири саломатӣ ширкат карданд.
Дави миллӣ 14-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.