Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ ШИРКАТ ДОРАНД

15.05.2021

: 825

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон оғоз гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат доранд.

Мусобиқа маротибаи 4-ум аст, ки баргузор мешавад ва имсол дар он беш аз 400 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.

Аз ҷумла дар мусобиқа миёни наврасон 250 варзишгар (172 писар, 78 духтар) гуштин мегиранд. Аз ҷумҳурии мо 5 варзишгар: Сомиршо Муҳаббатов, Акбарҷон Ниёззода (ҳар ду дар вазни -60кг), Бахтиёр Ғафуров (-73кг), Муҳаммадҷон Авғонов (-90кг) ва Меҳрона Муҳаммадзода дар вазни -57кг миёни духтарон ба Алмаато сафарбар гардидаанд.

Миёни ҷавонон бошад, 161 варзишгар (104 писар, 57 духтар) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд. Ҷумҳурии моро 6 варзишгар: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Ғаниҷон Ғаниев, Қурбоналӣ Бозоров (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Ҳайдаралӣ Шоев (-90кг) ва Эмомризо Ализода (-100кг) намояндагӣ мекунанд.