Ҳисобро дар дақиқаи 50-ум ҳамлагари белорусии “Истиқлол” Николай Зенко кушод. Баъд аз 10 дақиқа Аҳтам Назаров аз пеналтӣ голи дуюми “Истиқлол”-ро зад.
25 нафар мураббии дзюдо аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ муддати 10 рӯз аз коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Ҳоҷиюсуфзода Муҳаммадризои эронӣ ҳам тариқи назариявӣ ва ҳам ба тарзи амалӣ нозукиҳои гуштини дзюдоро омӯхтанд.
Рӯзи шанбе – 10 март – 27-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо дидори дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар шурӯъ шуд.
Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар доираи Барномаи таҳсили магистратура дар Донишгоҳи миллии шаҳри Сеул таҳти номи “Орзуи якҷоя” доваталабонро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват менамояд.
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11 март таҷлил мешавад, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки як гурӯҳ хабарнигорони соҳаи варзиш чорабинии идона доир гардид.
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” мусобиқаҳои кушоди варзишии гуштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис миёни наврасону духтарон баргузор мешавад.
Дидори дастаҳо дар гурӯҳи “D” 7 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 поён ёфт.
6 март дар бозии финалӣ дастаи волейбоздухтарони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия бар дастаи Бонки миллии Тоҷикистон ғалаба карда, соҳиби ҷои аввал шуд.
3-4 марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид, ки дзюдочиёни навраси мо сазовори 2 медали биринҷӣ шуданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, дар таърихи мавҷудияташ бори ҳафтум барандаи Абарҷоми Тоҷикистон шуд.