Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд

Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд Хабарнигорони риштаи варзиш бо шароити нави Кумитаи олимпӣ шинос шуданд

10.03.2018

: 1670

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11 март таҷлил мешавад, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки як гурӯҳ хабарнигорони соҳаи варзиш чорабинии идона доир гардид.

Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабарнигоронро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз саҳми журналистон дар оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш ёдовар шуд.
- Хабарнигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд. Хусусан, дар соҳаи варзиш. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳастанд, ки дастоварди варзишгаронро саривақт ба ҷомеа мерасонанд ва ифтихори варзишгаронро миёни ҷомеа қисмат мекунанд. Ба ин восита ҳисси қаҳрамон будан, ҳисси ғалабаро дар ниҳоди мухлисону ҳаводорони варзиш бедор менамоянд, - гуфт А. Абдуллозода.
Дар идома қайд гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумита азнавсозӣ шуда, Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ барои 13 федератсияи варзишӣ, Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” ба истифода дода шуда, сомонаи Кумита дар қолаби нав бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – фаъол гардид. Дар асоси суханронии Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Кумита нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Умед аст, ки бо иҷро шудани бандҳои нақшаи чорабиниҳо бисёре аз мушкилоти соҳаи варзиш бартараф мешаванд.
Зикр шуд, ки бо супориши Пешвои миллат дар таърихи Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим Гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, варзишгарони беҳтарин ва мураббиёну довароне, ки дар нафақа ҳастанд, аз ҳисоби буҷаи давлат стипендияи ҳармоҳа дарёфт хоҳанд кард.
Бо хушҳолӣ қайд гардид, ки бо дастури Пешвои миллат ва ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2017 дар пойтахт 75 майдончаи варзишӣ сохта шуда, сохтмони 92 майдончаи дигар ҷараён дорад. Тибқи супориши Роҳбари давлат бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ майдончаҳои варзишӣ сохта хоҳанд шуд.
Хабрнигорон бо шароити нави Кумита шинос шуда, осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карданд.