Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Душанбе мусобиқаҳои гуштини миллӣ, пойга ва теннис доир мегарданд

09.03.2018

: 733

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” мусобиқаҳои кушоди варзишии гуштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис миёни наврасону духтарон баргузор мешавад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мусобиқаи гуштини миллӣ 26 март, соати 14:00, мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ 31 март, соати 14:00 дар Наврӯзгоҳ ва мусобиқаи теннис миёни наврасону духтарон дар Қасри теннис, Корти тенниси Роҳи оҳан ва “Тоҷварз” аз 21 то 24 март доир мегарданд.  
Барои баргузории мусобиқаҳо аз буҷаи шаҳри Душанбе 178825 сомонӣ ҷудо гардида, мақомоти дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани мусобиқаҳо вазифадор шудаанд.