08.03.2018
: 1454
Тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии аввалашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2018 муқобили дастаи “Аҳал”-и Туркманистон бо ғалаба анҷом дод.
Дидори дастаҳо дар гурӯҳи “D” 7 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 поён ёфт. Голи ягона дар дақиқаи 25-ум, баъд аз зарбаи легионери белорусии “Истиқлол” Николай Зенко ба воситаи ҳимоятгари тими меҳмон Гуйчмурат Аннагулиев вориди дарвозаи “Аҳал” шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи дигари Туркманистон – “Олтин Асир” дар меҳмонӣ тими “Олой”-и Қирғизистонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод.
Бозиҳои даври дуюми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи “D” 13-14 март сурат мегирад. “Истиқлол” 14 март дар Балканобод бо “Олтин Асир” вомехӯрад. Як рӯз қабл бошад, дар Ашқобод “Аҳал” “Олой”-ро қабул мекунад.