07.03.2018
: 1672
Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе, ки 6 январ оғоз гардида буд, 6 март бо пирӯзии тими волейболи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия ҷамъбаст гардид.
Мусобиқа бахшида ба Рӯзи модар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани намуди волейбол миёни бонувони вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт баргузор шуд. Тибқи иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе 25 дастаи бонувони волейболбоз аз вазорату муассисаҳо муддати 2 моҳ бо ҳам рақобат карданд.
6 март дар бозии финалӣ дастаи волейбоздухтарони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия бар дастаи Бонки миллии Тоҷикистон ғалаба карда, соҳиби ҷои аввал шуд. Мақоми сеюмро бонувони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сазовор гардиданд.