05.03.2018
: 1734
3-4 марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид, ки дзюдочиёни навраси мо сазовори 2 медали биринҷӣ шуданд.
Дар мусобиқа 381 варзишгар аз 23 кишвар дар 8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон барои медалҳо талош карданд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 9 варзишгар миёни писарон намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ҳисоби даставӣ тими мизбон – Туркия бо ба даст овардани 7 медали тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Қазоқистон бо 5 медали тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои дуюм ва Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор гаштанд. Тоҷикистон дар ҷои 14-ум қарор гирифт.