14.03.2018
: 1710
Имрӯз – 14 март – дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба мураббиёни гуштини дзюдо, ки курси техникиро аз рӯи Барномаи Ҳамбастагии олимпӣ хатм карданд, сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ супорида шуд.
Курси техникӣ 10-уми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ гардида буд. 25 нафар мураббии дзюдо аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ муддати 10 рӯз аз коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Ҳоҷиюсуфзода Муҳаммадризои эронӣ ҳам тариқи назариявӣ ва ҳам ба тарзи амалӣ нозукиҳои гуштини дзюдоро омӯхтанд.
Дар маросими супоридани сертификатҳо Абдуллозода Муҳаммадшо – котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мураббиёнро табрик гуфта, иброз дошт, ки моҳи август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия Бозиҳои 18-уми Осиё баргузор мешавад ва бояд ҷиддӣ омодагӣ бинем. Қайд гардид, ки дзюдо дар кишвари мо машҳур аст ва ҳаводорони зиёд дорад. Аввалин медали Бозиҳои Осиё ва аввалин медали Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон дзюдочиён овардаанд.
Коршинос Ҳоҷиюсуфзода Муҳммадризо дар навбати худ иброз дошт, ки қаблан низ ҳамчун коршинос ба мураббиёни гуштини дзюдои Тоҷикистон дарс гуфтааст. Сол то сол касбияти мураббиён ва омодагии ҷисмонии варзишгарон беҳтар мешавад. Масалан, агар соли 2016 Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар ҳайати даставӣ ҷои 7-умро ишғол карда буд, соли 2017 ба мақоми 5-ум баромад ва умед аст, ки имсолу солҳои оянда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.