Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи “В” оғоз ёфт.
Дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни ҳендбол шуруъ шуд.
Дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Зафаробод, ки ду ҷои аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи аввалро ишғол намуданд, ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар мавсими оянда пайдо карданд.
Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Пойтахт” шуд, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.
Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ бо роҳбарони КБО ва КМО-и як қатор давлатҳо дар ҳошияи XXV Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар ҷазираи Крити Юнон масъалаи рушди ҳамкориҳои байналмилалии КМОТ баррасӣ шуд.
Ҷумҳурии моро дар XXV Ассамблеяи генералии ANOC ноиби Президенти КМОТ Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.
Майдони умумии варзишгоҳ ду гектарро ташкил намуда, он дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъëрҳои муосири сохтмонӣ бунëд карда шудааст.
Варзишгоҳ дар майдони қариб 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохтмони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат карданд.
Дастаи “Хатлон”-и Бохтар маротибаи дуюм унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувонро ба даст овард.