Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “СИПАР” ВА “СОРО КОМПАНИЯ” ДАР ФИНАЛ ДУ БОЗИИ ДИГАР АНҶОМ ДОДАНД

25.10.2021

: 503

Дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе дар финали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 ду бозии дигар анҷом доданд.

Дар бозии сеюми финали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон “Соро компания” бар “Сипар” бо ҳисоби 6:2 ва дар бозии чорум “Сипар” бар “Соро компания” бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Ҳисоби умумии силсилаи бозиҳои финалӣ – 2:2.

Акнун чемпиони Тоҷикистон дар бозии панҷум муайян мегардад. Бозии ҳалкунанда миёни дастаҳои “Соро компания” – “Сипар” 30 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Пойтахт” шуд, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.