Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“РЕГАР-ТАДАЗ” ВА “РАВШАН” БА ЛИГАИ ОЛӢ РОҲ ЁФТАНД

25.10.2021

: 647

Дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Зафаробод, ки ду ҷои аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи аввалро ишғол намуданд, ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар мавсими оянда пайдо карданд.

Лигаи аввали Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо 22-бозигӣ анҷом доданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” бе бохт, бо 58 хол ҷои аввалро сазовор шуд. “Равшан”-и Зафаробод бо 51 хол ҷои дуюм, “Ҳосилот”-и Фархор бо 49 хол ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Бо ин мақсад дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кории роҳбарияти федератсия ва Лигаи футболи кишвар бо намояндагони дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Зафаробод сурат гирифт.

Дар ҷаласа ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, сардори дастаи “Регар-ТадАЗ” Ғоибалӣ Давлатов, сармураббии ин тим Ҳикмат Фузайлов, инчунин президенти бошгоҳи “Равшан”-и Зафаробод Хурсандмурод Ҷумъаев ва сармураббии он Раҳматулло Фузайлов иштирок карданд.

Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ дастаҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2021 муборакбод намуданд.

Намояндагони ФФТ ва ЛФТ ба камбудиҳои дастаҳо ишора карда, таъкид карданд, ки онҳо то оғози мавсими нави лигаи олӣ рафъ гарданд.

Ба намояндагони “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”-и Зафаробод, инчунин талаботҳои асосии низомномаи литсензиякунонии дастаҳо роҷеъ ба масъалаҳои инфрасохторӣ, маъмурию кадрӣ, молиявию ҳуқуқии лигаи олӣ фаҳмонда шуд.

 

 

Б       

Ғ       

М    

Б     

Т-Т        

Х      

1    

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

22

18

4

0

70-22

58

2

“Равшан” (Зафаробод)

22

16

3

3

60-18

51

3

“Ҳосилот” (Фархор)

22

15

4

3

43-21

49

4

“Ҳулбук” (Восеъ)

22

13

5

4

43-21

44

5

“Динамо” (Душанбе)

22

12

4

6

71-22

40

6

“Барқчӣ” (Ҳисор)

22

6

7

9

35-33

25

7

“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)         

22

5

6

10

32-32

24

8

“Саройкамар” (Панҷ)

22

6

5

11

32-48

23

9

“Пахтакор” (Ҷаббор Расулов)

22

5

4

13

40-59

19

10

“Ваҳдат” (Ваҳдат)

22

3

6

13

19-57

15

11

“Моҳир” (Ёвон)

22

3

4

15

22-63

13

12

“Исфара” (Исфара)

22

2

2

18

16-87

8