25.10.2021
: 730
Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ бо роҳбарони КБО ва КМО-и як қатор давлатҳо дар ҳошияи XXV Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар ҷазираи Крити Юнон масъалаи рушди ҳамкориҳои байналмилалии КМОТ баррасӣ шуд.
Аз ҷумла, 23 октябр мулоқоти муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, президенти Кумитаи олимпии Ҷопон Ясуҳиро Ямашита, намояндагони Комиссияи Ҳамбастагии олимпии КБО Памелла Випонд ва Эдвард Кегсингтон баргузор шуд.
Зимни суҳбат бо президенти КБО Томас Бах масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ баррасӣ шуданд. Аҳтам Абдуллозода ба Томас Бах ҷиҳати дар шароити бисёр мушкил дар сатҳи баланд баргузор кардани Бозиҳои олимпии Токио изҳори миннатдорӣ кард.
Дар мулоқот бо президенти Кумитаи олимпии Ҷопон, президенти Федератсияи ҷудои Ҷопон Ясуҳиро Ямашита Бозиҳои олимпии Токио-2020 натиҷагирӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва амалигардонии чорабиниҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон, ки соли 2018 ба имзо расидааст, муҳокима шуд. Аҳтам Абдуллозода Ясуҳиро Ямашитаро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани бозиҳо табрик гуфта, ба ӯ аз дастгирӣ кардани варзишгарони тоҷик дар давраи пеш аз Бозиҳои олимпӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Қайд гардид, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум баҳри омодагии ҷиддӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 миёни тарафҳо чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шавад. Ясуҳиро Ямашита дархост кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон таклифҳои мушаххас ҷиҳати амалӣ кардани чорабиниҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум пешбинишуда манзур гардад. Аз ҷумла машқҳои дастаҷамъона, кӯмакҳои техникӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ, махсусан дар намуди ҷудо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо варзишро омили муҳими мустаҳкам кардани робитаҳо дониста, омодагии ҷиддиро баҳри тақвияти ҳамкориҳо иброз намуданд.
Дар мулоқот бо намояндагони Комиссияи Ҳамбастагии олимпӣ Памелла Випонд ва Эдвард Кегсингтон масъалаҳои дастгирӣ ёфтани лоиҳаи махсуси КМО Тоҷикистон ҷиҳати таъмири толори варзишӣ ва номзадҳо ба дарёфти дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 баррасӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки Ҳамбастагии олимпӣ рӯйхати 17 варзишгарро дар доираи Барномаи дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024, ки Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон пешниҳод намуд, дарёфт кардааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи тақвияти ҳамкориҳои Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 нисбат ба давраи гузаштаи олимпӣ 25 фоиз зиёд гардида, дар умум 240 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз моҳи январи соли 2022 то моҳи августи соли 2024, ҳар моҳ дар ҳаҷми 7500 доллари ИМА, ба варзишгарон ҷудо мегардад. Он барои тамрин, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва интихобии олимпӣ пешбинӣ гардидааст.
Кумитаи иҷроияи КМОТ 19 октябр рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Париж-2024-ро муҳокима карданд ва тибқи талаботи барнома, бо дарназардошти баробарии гендерӣ 17 нафарро интихоб ва барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯйхати варзишгарони Тоҷикистон ҳарчи зудтар баррасӣ ва тасдиқ карда шавад.
Зимни мулоқот бо намояндагони КБО дар доираи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ барномаҳои батаъхирафтодаи КМО Тоҷикистон муҳокима ва татбиқ намудани онҳо дар Тоҷикистон ҳаллу фасл гардид.
Дар мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои олимпии дигар давлатҳо низ рушди ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Аксҳо аз хазина