25.10.2021
: 600
XXV Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) 24 октябр дар ҷазираи Крити Юнон бо иштироки намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ҷаҳон, КБО, федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ҳаракати олимпӣ оғоз шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони 148 кумитаи миллии олимпӣ ширкат доранд, 57 кумитаи олимпии дигар фосилавӣ пайваст шуданд.
Ҷумҳурии моро дар XXV Ассамблеяи генералии ANOC ноиби Президенти КМОТ Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.
Иҷрокунандаи вазифаи президенти ANOC Робин Митчелл, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, инчунин мизбонон, президенти Кумитаи олимпии Юнон Спирос Капралос, муовини вазири фарҳанг ва варзиши Юнон Лефтерис Авгенакис суханронӣ карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи президенти ANOC Робин Митчелл гуфт: «Таъсири COVID-19 ба ҳама маълум аст ва то ҳол дар саросари ҷаҳон эҳсос мешавад. Аммо мо дар тӯли ду соли охир дидем, дар ҳоле ки пандемия моро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҷудо кард, мо якҷоя кор кардем, то тавонотар ва муттаҳидтар шавем. Шубҳае нест, ки пандемия ҷаҳони моро тағйир додааст. Аммо он ҳамаро бармеангехт, ки ақибнишинӣ кунем ва арзёбӣ кунем, ки чӣ тавр мо метавонем дар муҳити нави худ беҳтар шавем ва рушд кунем”.