21.10.2021
: 674
Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар давраи омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Хатлон баргузор шуд.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат карданд.
Мутахассисони соҳаи варзиш ва масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давоми се рӯз ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла “Ҳаракати олимпии ҷаҳон”, “Бозиҳои варзишӣ”, “Дастгирии варзишгарон”, “Арзишҳои олимпӣ”, “Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ”, “Малакаҳои роҳбарӣ” ва ғайра маърӯза хонданд.
Аз ҷумла зимни муҳокимаи мавзӯи “Бозиҳои варзишӣ” қайд гардид, ки баландтарин қулла дар соҳаи варзиш Бозиҳои олимпӣ мебошад, ки дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Ба иштирокчиён тартиби интихоби шаҳри мизбон ва намудҳои олимпии варзиш фаҳмонида шуд. Гуфта шуд, ки феълан 28 намуди олимпӣ мавҷуд аст, ки ба таври ҳатмӣ дар барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид мегарданд. Ҳамчунин дар асоси Хартияи олимпӣ кишвари мизбон ҳуқуқ дорад 4-5 намуди варзишро ба барномаи бозиҳо ворид намояд. Масалан, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 илова бар 28 намуди доимии олимпӣ 4 намуди дигарро ба барномаи Олимпиада ворид кард: скейтбозӣ, мавҷбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ ва брекданс.
Маълумот дода шуд, ки ҳамчунин ҳар чор сол як маротиба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои олимпии наврасон низ бо сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мешаванд.
Ҳамчунин ҳар қитъа ва ҳар минтақа бозиҳои варзишии худро доир менамоянд. Аз ҷумла дар қитъаи мо таҳти ҳимояи Шӯрои олимпии Осиё ҳар чор сол як маротиба Бозиҳои Осиё, Бозиҳои зимистонаи Осиё, Бозиҳои соҳилии Осиё доир мешаванд. Илова бар ин ҳар минтақа дар алоҳидагӣ бозиҳо баргузор мекунанд.
Дар анҷом ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим шуд.