21.10.2021
: 646
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик дар маркази деҳоти Кангурт ба корҳои сохтмони варзишгоҳ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони варзишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи имрӯза бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Варзишгоҳ дар майдони қариб 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохтмони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Иншоот аз ду минбар — ғарбӣ ва шарқӣ иборат мебошад.
Ҳамчунин варзишгоҳ аз ҳуҷраҳои мураббӣ, назоратчӣ, ҷойи либосивазкунӣ, назорати допинг, нуқтаи тиббӣ, техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, мувофиқи нақша дар муҳлати кӯтоҳ бунёд хоҳад шуд.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Пешвои муаззами миллат ба сохтмончиён дастур доданд, ки ба раванди корҳои бунёдӣ диққати ҷиддӣ дода, аз масолеҳи сохтмонии навъи аъло истифода намоянд, то варзишгоҳ солҳои дароз ба мардум хизмат расонад.