Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БАР ЛУБНОН

ПИРӮЗИИ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БАР ЛУБНОН ПИРӮЗИИ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БАР ЛУБНОН

26.10.2021

: 545

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи “В” оғоз ёфт.

Тими мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври аввал бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаи дидорро ҳимоятгари тими “Истиқлол”-и Душанбе Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 87-ум зад.

Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.

Дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 28 октябр тими олимпии Тоҷикистон бо мунтахаби Непал бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)
Гурӯҳи «В». 1-ум давр

ТОҶИКИСТОН – Лубнон – 1:0
Гол: Ваҳдат Ханонов, 87.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев, Ислом Зоиров (Сорбон Авғонов, 73), Далер Ёдгоров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 81), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров.

Беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ: Ваҳдат Ханонов (Тоҷикистон).
Сардовар: Рован Арумуган (Ҳиндустон).
25 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4200 мухлис.

Эрон – Непал – 4:0

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    Эрон     1  1  0  0  4-0  3
 2  ТОҶИКИСТОН       1  1  0  0  1-0  3
 3  Лубнон  1  0  0  1  0-1  0
 4  Непал  1  0  0  1  0-4  0

Бозиҳои оянда:
2-юм давр

28 октябр (панҷшанбе)
16:00. Лубнон – Эрон
19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр

31 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Непал
19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН