Баъд аз натиҷагирии ду давр дастаи “Хуҷанд” бо 4 хол садрнишини ҷадвали мусобиқа аст. “Куктош” ҷои дуюм ва “Истиқлол” ҷои сеюмро ишғол кардаанд.
Дар асоси Барномаи “Варзиш барои фардо”-и Ҳукумати Ҷопон мураббиёни варзиш, ки забони англисро медонанд, имкон доранд дар Донишгоҳи “Nippon Sport Science” такмили ихтисос кунанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои кормандони масъул дар идоракунии варзиш таҳсили яксола пешниҳод мекунад.
Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг дар нимфинал варзишгари итолиёӣ Алессандро Магнаниро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Исроил Еҳонатан Елбаз мағлуб шуд.
Тибқи маълумот дар дави олимпӣ 112615 нафар, аз ҷумла 27845 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ дар саросари ҷумҳурӣ 8147 нафар, аз ҷумла 364 нафар бону иштирок карданд.
Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) хоҳишмандонро барои таҳсили яксола дар Донишгоҳи байналмилалии олимпии Руссия даъват мекунад.
Захираҳои асосии кумитаҳои олимпӣ аз ҳисоби сарпарастон буда, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ширкатҳои гуногун кумитаҳои олимпиро аз нигоҳи молиявӣ, иттилоотӣ, бурдани ҳайати дастаҳо ба мусобиқаҳо, ҳуқуқӣ ва ғайра дастгирӣ менамоянд.
Дар мусобиқаи мазкур 10 варзишгари мо миёни мардон ва 2 нафар миёни бонувон дар 7 вазн муҳориба мекунанд.
Дар шаҳри Душанбе ин мусобиқот аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (масофаи 3,5 км) аз соати 7:00 то 11:00 сурат мегиранд.
14 март дар сабқати лижаронӣ миёни нобиноён дар масофаи 1,5 километр Сиёвуш Илёсов бо натиҷаи 9:31:34 ба марра расида, миёни 32 варзишгар аз 27 давлат ҷои 20-умро ишғол кард.