16.03.2018
: 3307
Дзюдочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 17-18 март дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Руссия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Дар мусобиқаи мазкур 10 варзишгари мо миёни мардон ва 2 нафар миёни бонувон дар 7 вазн муҳориба мекунанд: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Мулораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57).
Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар Гранд Слам Екатеренбург 262 варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок мекунанд.