Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таваҷҷуҳ: таҳсил дар Донишгоҳи “Nippon Sport Science”-и Токио

19.03.2018

: 1437

Дар асоси Барномаи “Варзиш барои фардо”-и Ҳукумати Ҷопон мураббиёни варзиш, ки забони англисро медонанд, имкон доранд дар Донишгоҳи “Nippon Sport Science” такмили ихтисос кунанд.  

Давраҳои омӯзишӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон 8-14 июли соли 2018 ва 15-22 феврали соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Барномаи омӯзишии мураббиён ба ду қисми васеъ тақсим мешавад: Онлайн омӯзиши модулҳои электронӣ пеш аз сафар ба Ҷопон (моҳи май оғоз меёбад); омӯзиш дар Токио, иштирок дар семинарҳо, гурӯҳҳои мубоҳисавӣ ва корҳои амалӣ.
Довталабон бояд то 30 марти соли 2018 дархостномаро, ки дар сомонаи расмии донишгоҳ ҳаст, пур карда, пешниҳод намоянд. Давраҳои омӯзишӣ бо забони англисӣ мегузарад ва яқин аст, ки довталабон низ бояд бо забони англисӣ муошират карда тавонанд ва тавассути “Скайп” аз санҷиш мегузаранд.