Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе

Иштироки 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе Иштироки 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе Иштироки 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе Иштироки 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе Иштироки 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе

17.03.2018

: 397

Имрӯз - 17 март - бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ҷумҳурӣ дави олимпӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Тибқи маълумот дар дави олимпӣ 112615 нафар, аз ҷумла 27845 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ дар саросари ҷумҳурӣ 8147 нафар, аз ҷумла 364 нафар бону иштирок карданд.
Қабл аз ин чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2018 дар саросари ҷумҳурӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳои гуногун доир гардид. Шумораи иштирокчиёни машқҳои субҳгоҳӣ дар ҷумҳурӣ ба 33918 нафар расид, ки 8140 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд.