17.03.2018
: 1536
Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) хоҳишмандонро барои таҳсили яксола дар Донишгоҳи байналмилалии олимпии Руссия даъват мекунад.
Донишгоҳ аз соли 2013 ҷавонони боистеъдод ва маъмурони соҳаи варзишро аз 50 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифтааст. АКМО ин навбат аз кумитаҳои миллии олимпӣ даъват кардааст, ки барои дарёфти 3 бурсия номзадҳои арзанда пешниҳод кунанд.
Барнома асосан бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва мукаммал намудани истеъдоди роҳбарӣ ва мудирияти соҳаи варзиш таъсис дода шуда, иштирокчиён нозукиҳои соҳаи варзиши муосирро меомӯзанд. Машғулиятҳо асосан амалӣ ва дар иншооти варзишӣ сурат мегиранд.
Хоҳишмандон имкон доранд, ки то 29 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳояшонро (нусхаи шиносномаи хориҷӣ, диплом ва сертификати донистани забони англисӣ) тариқи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АКМО ирсол намоянд. АКМО аз миёни хоҳишмандон 3 нафари беҳтаринро интихоб намуда, ҳуҷҷатҳояшонро ба Донишгоҳи олимпии Руссия мефиристад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маблағи таҳсил, ҷои хоб ва чиптаи ҳавопаймо аз ҷониби донишгоҳ пардохт мегардад. Боқимондаи хароҷот аз ҳисоби худи доваталаб аст.