Тими мунтахаби Тоҷикистон дар сафар аз дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, аз иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2019 маҳрум шуд.
Паҳлавонон дар шаш вазн - -60кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг қувва санҷиданд.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон дар баробари қаҳвахонаҳои бошукӯҳи хос, майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароит муҳайё карда шудааст.
«Душанбе Арена» бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.
Баъд аз натиҷагирии ду давр дастаи “Хуҷанд” бо 4 хол садрнишини ҷадвали мусобиқа аст. “Куктош” ҷои дуюм ва “Истиқлол” ҷои сеюмро ишғол кардаанд.
Дар асоси Барномаи “Варзиш барои фардо”-и Ҳукумати Ҷопон мураббиёни варзиш, ки забони англисро медонанд, имкон доранд дар Донишгоҳи “Nippon Sport Science” такмили ихтисос кунанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои кормандони масъул дар идоракунии варзиш таҳсили яксола пешниҳод мекунад.
Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг дар нимфинал варзишгари итолиёӣ Алессандро Магнаниро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Исроил Еҳонатан Елбаз мағлуб шуд.
Тибқи маълумот дар дави олимпӣ 112615 нафар, аз ҷумла 27845 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ дар саросари ҷумҳурӣ 8147 нафар, аз ҷумла 364 нафар бону иштирок карданд.
Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) хоҳишмандонро барои таҳсили яксола дар Донишгоҳи байналмилалии олимпии Руссия даъват мекунад.