28.03.2018
: 1513
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар сафар аз дастаи мунтахаби Филиппин дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, дар гурӯҳи “F” бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, аз иштирок дар марҳилаи финалии мусобиқа маҳрум шуд.
Нимаи аввали бозӣ бидуни гол сипарӣ шуд. Дар оғози нимаи дуюм, дар дақиқаи 64 футболбозони дастаи мизбон Нуриддин Давроновро дар ҷаримагоҳи дастаи худ аз по афтонданд ва Аҳтам Назров пеналтиро ба гол табдил дод. Футболбозони мо натавонистанд бозиро бо натиҷаи ғалабаовар нигоҳ доранд. Баъд аз 10 дақиқа Кевин Ингресо бо сар тӯбро вориди дарвозаи тими Тоҷикистон кард. Голи ғолибиятро Филип Ҷеймс Янгхазбанд аз пеналтӣ зад.
Дар бозии дигари гурӯҳ Яман Непалро бо ҳисоби ҳамсони 2:1 шикаст дод. Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “F” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Яман ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2019, ки соли оянда дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъд аз бозӣ аз мухлисон узр хоста, ба истеъфо рафт. “Натиҷа қаноатбахш набуд. Мо натавонистем ба марҳилаи финалии мусобиқа бароем. Ман ҳамаи масъулиятро бар дӯш мегирам ва аз вазифа истеъфо медиҳам. Ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои муҳайё кардани шароити мусоиди корӣ ва омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миннатдорӣ баён мекунам”.
Ҳамин тариқ, 24 дастаи иштирокчии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2019 муайян гардид. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 12 даста ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта буданд: Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Тайланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон. Барои 12 роҳхати дигар дастаҳои мунтахаби ҶХД Корея, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон (аз марҳилаи интихобии гурӯҳӣ) ва ТОҶИКИСТОН, Тайпейи Чин, Малдив, Малайзия, Лаос, Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш, Камбоҷа, Бутан (аз марҳилаи плей-офф) муддати як сол талош карданд ва дастаҳои футболи Қирғизистон, Ҳиндустон (аз гурӯҳи “А”), Лубнон, ҶХД Корея (гурӯҳи “В”), Урдун, Ветнам (гурӯҳи “С”), Уммон, Фаластин (гурӯҳи “D”), Баҳрайн, Туркманистон (гурӯҳи “Е”) ва Филиппин, Яман (гурӯҳи “F”) тавонистанд ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2019 бароянд.