26 март Президенти Кумитаи олимпии Индонезия, ноиби Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Раҷа Сапта Октоҳарӣ, ки барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ба Тоҷикистон омадааст, ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф овард.
26 март Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ, ҷаноби Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфт.
25 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ оғоз гардид, ки то 30 март идома меёбад.
21 март ба ифтихори иди Наврӯз дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе 3-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ - Ҷоми пойтахт-2022 баргузор шуд.
Умуман варзишгарони мо сазовори 7 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ гардиданд.
Даванди тоҷик Фаворис Музрапов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, дар масофаи 60 метр рекорди Тоҷикистонро иваз кард.
Паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 19 март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе шуруъ шуд, медали тилло гирифт.
25-30 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор мешавад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
19-20 март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш баргузор мешавад.