21.03.2022
: 450
20 март Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни калонсолон дар шаҳри Душанбе идома ёфт.
Дар рӯзи дуюм паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг ғолиб гардид. Ӯ дар финал бар варзишгари узбекистонӣ Абдулазиз Ҳамроев пирӯз шуд.
Инчунин, варзишгарони мо дар ин рӯз ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд. Фазилат Гулбоева дар вазни -57кг миёни бонувон, Субҳиддин Халилзод дар вазни -73кг миёни мардҳо ҷои дуюмро ишғол намуданд. Абубакри Акобир дар вазни -100кг миёни мардҳо ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба кураш Додохон Қурбоналиев дар вазни +100кг медали тилло, Ҳақназар Назаров дар вазни -90кг медали нуқра, Умар Расулов дар вазни -81кг ва Мавлуда Асламова дар вазни -87 миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Умуман варзишгарони мо сазовори 8 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.
Чемпионати Осиё оид ба кураш Душанбе 2022
Натиҷаҳои рӯзи дуюм
Бонувон
-48кг
1. Диана Йеҳ (Тайпей)
2. Моҳинур Мӯъминова (Ӯзбекистон)
3. Сранг Тин То (Ветнам)
3. Малапрабҳа Чатҳав (Ҳиндустон)
-57кг
1. Ибодатхон Агоҷонова (Ӯзбекистон)
2. Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
3. Йу-Ҳсуан Чуанг (Тайпей)
3. Саовалак Ҳомклин (Тайланд)
-63кг
1. Оля Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2. Садаф Ардашер (Эрон)
3. Йу-Чинг Ченг (Тайпей)
3. Бҳартӣ (Ҳиндустон)
-78кг
1. Филура (Ӯзбекистон)
2. Зуҳро Алиакбар (Эрон)
3. Чиа-Линг Лиу (Тайпей)
3. Манприт (Ҳиндустон)
+78кг
1 Фотима Бармакӣ (Эрон)
2 Ти Танҳ Тран (Ветнам)
3 Ситора Хусанова (Узбекистон)
3 Ҷиттима Сирикарн (Тайланд)
Мардҳо
-60кг
1. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
2. Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
3. Хатансайхан Амарсанаа (Муғулистон)
3. Баримонлу Алӣ Муҳаммадӣ (Эрон)
-73кг
1. Илёс Сабзалӣ Покдил (Эрон)
2. Субҳиддин Халилзод (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад Муҳаммад (Кувейт)
3. Нгок Сон Ву (Ветнам)
-100кг
1. Ҷавон Ҳайдар Алӣ Муродӣ (Эрон)
2. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
3. Абубакри Акобир (Тоҷикистон)
3. Вишал (Ҳиндустон)