20.03.2022
: 616
Даванди тоҷик Фаворис Музрапов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, дар масофаи 60 метр рекорди Тоҷикистонро иваз кард.
Ӯ, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чемпионат аст, ин масофаро дар 6.83 сония давида, миёни 50 иштирокчӣ ҷои 37-умро ишғол намуд. Се ҷои аввалро Ламонт Марсел Якобс аз Италия (6.41) ва варзишгарони ШМА Кристиан Колеман (6.41), Марвин Бресӣ (6.44) гирифтанд.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки кишвар Ғайрат Неъматов, Фаворис чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ масофаи 60 метрро бо натиҷаи 6.85 сония давида, рекорд гузошта буд ва инак дар Чемпионати ҷаҳон натиҷааш боз беҳтар шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор дар Белрад 18-уми март оғоз гардида буд ва имрӯз – 20 март анҷом меёбад.