Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КУРАШ: ДОДОХОН ҚУРБОНАЛИЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ

КУРАШ: ДОДОХОН ҚУРБОНАЛИЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ КУРАШ: ДОДОХОН ҚУРБОНАЛИЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ

20.03.2022

: 520

Паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 19 март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе шуруъ шуд, медали тилло гирифт.

Ӯ дар вазни +100кг дар финал варзишгари Узбекистон Шоҳрух Усмоновро мағлуб кард.

Варзишгарони мо дар рӯзи аввал, инчунин 1 медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни -90кг дар финал аз Масъуд Бароталӣ Қавибозуи эронӣ шикаст хурда, ҷои дуюмро сазовор шуд. Умар Расулов дар вазни -81кг ва Мавлуда Асламова дар вазни -87кг ҷойҳи сеюмро мушарраф гардиданд.

Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни калонсолон
Натиҷаҳои рӯзи аввал

Бонувон
-52кг
1. Ҳилола ОРТИҚБОЕВА (Узбекистон)
2. Чиа-Вен ТСОУ (Тайпей)
3. Ананда ДИТА (Индонезия)
3. Тоҳира Худобахш ОЗАРПАЙВАНД (Эрон)

-70кг
1. Шаҳноза БОЗОРОВА (Узбекистон)
2. Ван-Тинг ЛИ (Тайпей)
3. Мерим МУМИНОВА (Қирғизистон)
3. Дунё Қосим ОҒОӢ (Эрон)

-87кг
1. Ҳси-Тзу ЯНГ (Тайпей)
2. Зуҳро Ҳашматулло БАҲОРӢ (Эрон)
3. Мавлуда АСЛАМОВА (ТОҶИКИСТОН)
3. Юлдуз МУҲАММАДИЕВА (Узбекистон)

Мардҳо
-66кг
1. Артём ШТУРБАБИН (Узбекистон)
2. Қосим Валимурод НУРИЗОДА (Эрон)
3. Бйамбасурен УЛЗИИБАЙАР (Муғулистон)
3. Ҳао-Ченг ЧАН (Тайпей)

-81кг
1. Умед ЭСАНОВ (Узбекистон)
2. Умед Исмоил ТЕЗТАК (Эрон)
3. Умар РАСУЛОВ (ТОҶИКИСТОН)
3. Минҳ Қуан БУӢ (Ветнам)

-90кг
1. Масъуд Бароталӣ ҚАВИБОЗӮ (Эрон)
2. Ҳақназар НАЗАРОВ (ТОҶИКИСТОН)
3. Ҷонибек КОЗОКОВ (Узбекистон)
3. Чингизхон МЕДЕТОВ (Қазоқистон)

+100кг
1. Додохон ҚУРБОНАЛИЕВ (ТОҶИКИСТОН)
2. Шоҳрух УСМОНОВ (Узбекистон)
3. Каназип ЙЕА-ОН (Тайланд)
3. Чиен-Ҳунг ЧЕН (Тайпей)

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок доранд.

Имрӯз қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -57кг, -63кг, +87кг миёни бонувон, -60кг, -73кг, -100кг миёни мардон доир мегарданд.