Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ахбор

9-УМ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО ДАР ХУҶАНД БАРГУЗОР МЕШАВАД
14.09.2022

19-20 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 9-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад.

ДАР ДУШАНБЕ АКАДЕМИЯИ «ЮВЕНТУС» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
13.09.2022

Маҷмааи варзишию фароғатӣ, ки аз се ошёна иборат аст, асосан дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

МЕДАЛИ ТИЛЛОИ АКМАЛИДДИН КАРИМОВ ДАР «ҶОМИ ПОЯГУЗОРОНИ САМБО»
12.09.2022

Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки 10-11 сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тило ба даст овард.

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” МАВҚЕАШРО ДАР ҶОИ АВВАЛ УСТУВОР КАРД
12.09.2022

10-11 сентябр бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

ҶУДО: ДУ МЕДАЛИ СОБИҚАДОРОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
12.09.2022

Варзишгарони тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон медали биринҷӣ ба даст оварданд.

КБО СИСТЕМАИ НАВИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИИ БОКСРО ТАСДИҚ КАРД
11.09.2022

Шӯрои иҷроияи КБО шакли ислоҳшудаи системаро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муштзанҳо соли оянда дар бозиҳои қоравӣ барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд.

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ШИНОВАРӢ МУАЙЯН ШУДАНД
08.09.2022

Дар мусобиқа беш аз 80 варзишгар аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОН!
08.09.2022

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатӣ

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ МУАЙЯН ГАРДИД
07.09.2022

3-4 сентябр дар шаҳри Душанбе 2-юм мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов баргузор шуд.

МУСОБИҚАИ КАМОНВАРӢ БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЗЕБИНИСО РУСТАМОВА БАРГУЗОР ШУД
06.09.2022

1-4 сентябр ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебинисо Рустамова баргузор шуд.


161 - 170 => 2294
|< | <<. | 15 16 17 18 19 | >>. | >|