Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: ДУ МЕДАЛИ СОБИҚАДОРОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҶУДО: ДУ МЕДАЛИ СОБИҚАДОРОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ҶУДО: ДУ МЕДАЛИ СОБИҚАДОРОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

12.09.2022

: 409

Варзишгарони тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон 8-11 сентябр дар шаҳри Кракови Полша бо иштироки 837 варзишгар (743 мард, 94 зан) аз 60 давлат доир гашт.

Ҷумҳурии моро дар чемпионат 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карданд: Қутбиддин Баҳодуров (-60кг), Абдулфайз Солеҳов (-73кг), Соҳибназар Ҳақназаров (-73кг), Ҷонибек Маҳмудзода (-81кг), Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг), Валӣ Султонзода (-90кг), Оятулло Қамарӣ (-90кг), Фаридун Устопиров (-100кг), Собир Шарифов (-100кг) ва Неъматулло Арсолқулов (+100кг).

Оятулло Қамарӣ дар вазни -90кг миёни варзишгарони синну соли худ сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Озарбойҷон Мурод Раҷаблӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар варзишгари Словакия Эрнест Матус ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Испания Ҷуан Антонио Тортелла Барбас пирӯз гардид.

Неъматулло Асронқулов низ дар вазни +100кг дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Звиад Тсиклаурӣ шикаст хурд, баъдан дар даври тасаллобахш бар намояндаи Озарбойҷон Айаз Умудалиев ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Полша Томас Биз ғалаба кард.

Ҳамчунин Қутбиддин Баҳодуров (-60кг) ҷои панҷум ва Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг), Фаридун Устопиров (-100кг) ҷойи ҳафтумро сазовор шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни 60 давлати иштирокчӣ бо 2 медали биринҷӣ, як ҷои панҷум ва ду ҷои ҳафтум дар ҷои 41-ум мавқеъ гирифт.