12.09.2022
: 411
Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки 10-11 сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тило ба даст овард.
“Ҷоми поягузорони самбо” қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 11 варзишгар ширкат карданд.
Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ, дар вазни -58кг, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишеви русиягиро мағлуб кард ва сазовори медали тило шуд. Дар ҳисоби дастаӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб кард.