Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

9-УМ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО ДАР ХУҶАНД БАРГУЗОР МЕШАВАД

14.09.2022

: 396

19-20 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 9-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Тоҷикистон, ҷудочиён аз кишварҳои ҳамсоя ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯи 5 вазн миёни мардон (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг) ва 2 вазн миёни бонувон (-57 кг ва -63кг) сурат мегирад.

Ғолибони мусобиқа бо 40 000 сомонӣ, барандагони ҷои дуюм бо 20 000 сомонӣ ва ҷои сеюм бо 10 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқа буданд.