Аз ҷумла шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш дар шаш моҳ ба 134 адад (51 тилло, 9 нуқра, 74 биринҷӣ) мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 67 медал зиёд аст.
29 июл бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) баргузор шуд ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
1-4 августи соли равон дар шаҳри Питештии Руминия Чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонон ва ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад.
Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо имрӯз – 29 июл дар идомаи қувваозмоиҳо миёни наврасон дар Тайпейи Чин оғоз шуд.
Иштирокчиёни курсҳои омӯзишӣ акнун имкон доранд, дар сатҳи маҳал чунин семинарҳои омӯзиширо гузаронанд.
Паҳлавони навраси кишвар Ғаниҷон Ғаниев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали тилло шуд.
27 июл дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар шаҳри Таиф аввалин бозии рафиқонаашро муқобили тими ҷавонони Арабистони Саудӣ баргузор кард.
Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба дзюдо имрӯз – 27 июл дар Тайпейи Чин оғоз гардид ва фардо идома меёбад.
26 июл дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни футболбозони то 16-сола оғоз гардид.