29.07.2019
: 1929
Имрӯз - 29 июл - дар Кумитаи миллии олимпӣ аз курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни таеквондои ҷаҳонӣ, ки 22 июл оғоз гардида буд, натиҷагирӣ ва иштирокчиён соҳиби сертификати дарҷаи аввали Кумитаи байналмилалии олимпӣ гардиданд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо мураббиёнро барои ҷамъбасти бомуваффақонаи курси омӯзишӣ табрик гуфта, ба онҳо дар идомаи фаъолияташон барор хост.
- Курсҳои омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиён, одатан барои 20 нафар пешбинӣ шудааст, вале мо шоҳид гаштем, ки дар ин давра сафи хоҳишмандон низ зиёд шуда, ба 47 нафар расид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки намуди олимпии таеквондо дар кишвар рушд карда истодааст, - афзуд М. Абдуллозода.
Ба машғулиятҳои назариявию амалӣ мураббиёни ҷавон аз ВМКБ, шаҳри Душанбе вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷалб гардида, онҳо аз коршиносони дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Корея Лим Ҷаэҳюн, Ҷонг Ҳо Бак ва коршиноси сатҳи миллӣ Манучеҳр Хуморов нозукиҳои ин намуди олимпии варзиш ва усулу қоидаҳои нави таеквондоро омӯхтанд.
Лим Ҷаэҳюн дар маросими ҷамъбасти курс андешаҳояшро чунин баён кард: “Мо дар ҷараёни курсҳои техникии ҳафтрӯза шоҳид гардидем, ки ҷавонону калонсолон ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳи хоса доранд. Аксари иштирокчиёни курси такмили ихтисос мураббиёну доварони ҷавон буданд, вале дар байни онҳо мураббиёни солхурда ҳам ба назар мерасиданд, ки ба синни худ нигоҳ накарда, аз худ шавқу ҳавас нишон медоданд. Бо таваҷҷуҳ ба иштироки фаъолонаи доварон дар курси такмили ихтисос гуфтаниям, ки Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон зарфияти зиёди зербиноӣ дорад ва имкони тақвияти рушди таеквондо ва афзоиш додани шумораи дастовардҳо хеле зиёд аст. Умедворам, ки мураббиён ва доварони ҷавон донишу малакае, ки аз мо омӯхтанд, баҳри рушду равнақи варзиши таеквондо дар Тоҷикистон сарф мекунанд”.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи таеквондо WT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Таеквондои ҷаҳонӣ дар доираи Барномаи «Курсҳои омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиён»-и Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ гардид.
Иштирокчиёни курсҳои омӯзишӣ акнун имкон доранд, дар сатҳи маҳал чунин семинарҳои омӯзиширо гузаронанд.