Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусовии мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Саудӣ

28.07.2019

: 956

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар шаҳри Таиф аввалин бозии рафиқонаашро муқобили тими ҷавонони Арабистони Саудӣ баргузор кард.

Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Голро дар ҳайати тими ҷавонони мо Шарифбек Раҳматов зад.
Фардо – 29 июл – дар Таиф дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон боз як бозии рафиқона анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои рафиқона муқобили Арабистони Саудӣ як марҳилаи омодагии тими ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор меравад, ки 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ҳарифони тими ҷавонони мо дастаҳои ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив ҳастанд.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд.